Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе мардеро боздошт намудаанд, ки бо ваъдаи хона харидоронро фиреб дода, маблағҳои пулиашонро аз худ мекардааст.
Дилшод Раҷабови 43-сола, сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир шудааст. Ин мард қаблан се маротиба барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ суд шуда бошад ҳам, ба ҷойи ислоҳ шудан, боз даст ба чунин амалҳои фардумфиребона зада, аз Мулоев Ҷ. бо ваъдаи дар маҳаллаи Хуҷанбиёи Болои шаҳри Душанбе барояш манзили истиқоматӣ дастрас ва ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ намудан 160 ҳазор сомонии ӯро гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Айни замон нисбати Раҷабов Дилшод бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Шаҳрвандоне, ки аз амалҳои ғайриқонунии номбурда зарар дидаанд, метавонанд тавассути «WhatsApp» ва «Telegram» ба рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.