Arzon march 2024
Боздошти марде бо гумони бе пул аз худ кардани 5 мошини қиматбаҳо
659

Кормандони милитсия як марди 37-соларо дар ноҳияи Варзоб боздошт намудаанд, ки дар қаллобӣ ба маблағи қариб ду миллион сомонӣ гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ин мард рӯзи 18-уми апрели соли 2024 ба ҶДММ «Нури Тоҷикистон” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф оварда, худро ҳамчун соҳибкори муваффақ муаррифӣ намуда, ваъда додааст, ки дар фурӯхтани мошинҳои ширкати мазкур ёрӣ мерасонад. Боздоштшуда бо ваъдаҳои осмонӣ аз ширкат 5 мошини гаронбаҳои хориҷӣ гирифтааст - ду мошини тамғаи «Mercedes-Benz» ба маблағи 490 ҳазор сомонӣ, як мошини тамғаи «Lexus-LS» бо арзиши 250 ҳазор сомонӣ, як мошини тамғаи «Range Rover» бо арзиши 150 ҳазор сомонӣ ва «Toyota Land Cruiser” бо арзиши 930 ҳазор сомонӣ.

Ҳамин тавр, гумонбар 5 мошини гаронбаҳои хориҷиро, ки арзиши умумиашон 1 миллиону 820 ҳазор сомонӣ мебошад, аз ширкати «Нури Тоҷикистон” гирифта, ҳамагӣ 332 ҳазору 800 сомонӣ пул дода, ваъда кардааст, ки 1 миллиону 487 ҳазору 200 сомонии боқимондаро рӯзҳои наздик пардохт менамояд. Аммо баъдан баҳона пеш овардааст, ки барои пардохти маблағи мошинҳо ба вай боз 4 моҳ муҳлат диҳанд. Аз байн як сол гузашта бошад ҳам, то ҳол пули мошинҳоро надода, маблағро ба манфиати худ сарф намудааст.

Дар робита бо ин ҳодиса барои қаллобӣ ба маблағи махсусан калон нисбати гумонбаршаванда бо банди “б”-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД