35 years of independency
Боздошти марде барои паҳн кардани аксҳои урёни ҳамсараш
25.09.2026
Oila.tj
436

Кормандони милитсия мардеро барои паҳн намудани акс ва наворҳои урёни собиқ ҳамсараш дар интернет боздошт намудаанд.

Саидзода Имрон сокини шаҳри Хуҷанд буда, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд барои паст задани шаъну шарафи собиқ ҳамсараш боздошт шудааст. Ин марди 34-сола бо сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Садыкова Ф. А. бо никоҳи мусалмонӣ оиладор шуда, дар рафти зиндагии якҷояашон муносибатҳои маҳрамонаашонро бо телефон наворбардорӣ карда, акс мегирифтааст. Пас аз ҷудо шудан аз занаш бо мақсади паст задани шаъну шарафи собиқ ҳамсараш аксу наворҳои урёни замони ҳамзистӣ гирифтаашро тавассути шабакаҳои иҷтимоии «Вотсап» ва «Инстаграм» паҳн намудааст.

Айни замон барои паҳн намудани наворҳои хислати порнографӣ дошта нисбати Имрон Саидзода бо қисми 3-и моддаи 241-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст ва мавсуф дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД