Боздошти “Малика” бо гумони нашри наворҳои ғайриахлоқӣ
12.12.2025
Oila.tj
401

Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани маводҳои порнографӣ ва ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ ҷиноят ба шумор рафта, чунин афрод тибқи талаботи моддаҳои 241 ва 144 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб мегарданд.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зикр намуда, иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душане ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои зикргардида шаҳрванд Одирматов Исфандиёр, соли таваллудаш 2001, дастгир карда шудааст.

Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардидааст, ки номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи «Малика» саҳифа кушода, мунтазам ба нашри наворҳои ғайриахлоқӣ ва тарғибкунандаи фаҳшу порнографӣ машғул шудааст. Ҳамзамон, муайян карда шудааст, ки Одирматов И. маълумот оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандонро ҷамъоварӣ намуда, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст.

Айни замон гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки агар аз кирдорҳои ҷиноятии Одирматов И. ҷабр дида бошанд, тавассути рақамҳои (+992)018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД