Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти як ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони одамкушӣ хабар додааст. Маҳмуд Абдуллоев дар куштори холааш гумонбар дониста мешавад.
Дар хабар омадааст, ки Абдуллоев Маҳмуд, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе шаби 16-уми декабри соли 2024 дар ҳолати мастӣ холаи 42-олааш Тамараро дар манзили зисташ мавриди латукӯби шадид қарор дода, ба ҳалокат расонидааст.
Айни замон нисбати Абдуллоев М. дар Прокуратураи ноҳияи Сино бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ин қазия идома дорад.