toyota motors
Боздошти имом-хатиби масҷиди Абубакри Сиддиқ бо гумони фолбинию ҷодугарӣ
223

Кормандони милитсия имом-хатиби масҷиди ба номи Абубакри Сиддиқи шаҳри Ваҳдатро бо гумони машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ боздошт намудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Далерҷон Каримови 39-сола, имом-хатиби масҷиди ҷомеи ба номи Абубакри Сиддиқи шаҳри Ваҳдат аз ҷониби кормандони ШВКД 1-и ноҳияи Сино ҳангоми машғул шудан ба фолбинӣ дастгир шуда, нисбаташ бо моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Номбурда бо қарори суд ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима баста шудааст, ки 6240 сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки масҷиди ба номи Абубакри Сиддиқ дар кӯчаи Сафедорони шаҳри Ваҳдат воқеъ гашта, имом-хатиби масҷид бар хилофи аҳкоми шариат амал карда, фолбиниро пешаи худ намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД