Кормандони милитсия дар шаҳри Норак мардеро бо гумони машғул шудан бо амалҳои хурофотӣ ва мардумфиребӣ дастгир намудаанд.
Бино ба иттилои ВКД, Сафарбек Раҳматови 69-сола сокини деҳаи Найзираки ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак буда, аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми машғул шудан ба амалҳои хурофотӣ, аз ҷумла додани кӯрхату чашмбанд, чилбанду тӯмор, таштову оби қайтарма, риштаи сардарду миёндард ва кушоиши кор ба муштариёни зудбовар дастгир шудааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки боздоштшуда бо усули ғайримаъмулӣ, “дуохонӣ дар хоки қабристон, ки гӯё шифо дода, ба кор пешравӣ меорад”, амалҳои мардумфиребонаи худро идома медодааст.