Хосият Шодмонова, зани 39-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки бо лӯхтак ҷодурагӣ мекардааст, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт барои машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду боздошт шудааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки Хосият Шодмонова манзилеро дар пойтахт ба иҷора гирифта, бо истифода аз лӯхтак, шамъ, сӯзандору, қулфу калид, тасбеҳ, қайчӣ, сӯзану ришта ва ҳатто ҳасибча бо сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул будааст. Аз манзили иҷоравии шаҳрванд ашёҳои номбаршуда ҳамчун далел дарёфту мусодира карда шудаанд.
Аз ҷониби милитсияи пойтахт нисбати номбурда бо моддаи 482 КҲМ Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гаштааст.