Кормандони милитсия дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду мардро бо гумони ғоратгарӣ боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо зиёда аз якуним миллион сомонии шаҳрвандонро ба яғмо бурдаанд.
Дустмурод Бозорови 35-сола ва Нуриддин Нурови 36-сола, ки қаблан низ барои дуздӣ суд шуда будаанд, аз ҷониби кормандони шуъбачаи корҳои дохилии Сино-2 боз бо гумони дуздию ғоратгарӣ ва ба яғмо бурдани молу амволи шаҳрвандон боздошт шудаанд. Дар хабар гуфта мешавад, ки онҳо панҷараҳои оҳаниро бурида, бо воситаи тиреза ба манзили сокинони шаҳр даромада, молу амволи соҳибхонаҳоро ғорат мекардаанд. Айни замон 6 ҳолати дуздии боздоштшудагон ошкор шуда, маблағи зарари расонидашуда 1,6 млн сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати Дустмурод Бозоров ва Нуриддин Нуров барои дуздӣ ба маблағи махсусан калон бо қисми 4-и моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст.
Шахсоне, ки аз амалҳои ин ду нафар зарар дидаанд, метавонанд ба рақамҳои 018 02 02 02 занг зананд.