Arzon march 2024
БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНЕ, КИ ПЕШ ДОҒИ СУДӢ ДОШТАНД
02.03.2021
Р. Азимӣ
1095

Торафт суст шудани тарбияи ахлоқӣ боиси аз байн рафтани ҳурмату эҳтиром ва меҳру муҳаббат гашта истодааст. Ҳафтае нест, ки хабари сар задани баҳсу мунозира, ҷангу ҷанҷол ва ҳатто дуздиву ғоратгарӣ дар ин ё он минтақаи кишварамон ба гӯш нарасад.

Далели ин гуфтаҳо, ҳодисаи чанд рӯз рух дода аст, ки ВКД хабар додааст:
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х. Усмони ноҳияи Б. Ғафуров, ки пеш бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, 27-уми феврали соли 2021, тахминан соати 22:00, дар ҳолати мастӣ дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Хуҷанд, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо муҳофизи қаҳвахонаи мазкур, ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ҷ. Расулов ва марди 30-солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров, инчунин бо марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол кардаанд.

Дар натиҷа, марди 29-сола аз болои миз корди хоҷагиро гирифта 6 маротиба ба дасту пои марди 43-сола зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД