Sebiston new 2024 october
БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОН БАРОИ БАДРАФТОРӢ НИСБАТ БА ЗАНОН
4501

Ду ҷавони пойтахт ба ду зан, ки дар кӯча интизори омадани нақлиёти ҷамъиятӣ буданд, на танҳо "гап партофтанд", балки баъди шунидани посухи рад аз ҷониби занҳо ҳамроҳашон ҷанҷол намуда, таҳқирашон ҳам карданд. Онҳо аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе барои бадрафторӣ нисбат ба занон дастгир шуданд.

Боздоштшудагон Давлатов Рустамҷони 23 - сола ва Содиқов Ҳикматуллои 22 – сола санаи 29 августи соли ҷорӣ, тақрибан соати 20:30 дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Неъмат Қарабоев қарор доштанашон ду нафар ҷавонзанро, ки дар роҳ интизори автомашинаи мусофирбар будаанд, ба дохили автамашинаи худ даъват намуда, бо шунидани ҷавоби рад нисбати онҳо бадрафторӣ намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафашонро паст задаанд.

"Аз ҷумла ҳолати хашму ғазаб ва суханони фаҳшои шаҳрванд Содиқов Ҳикматтуло, ки мусофири автомашинаи мазкур мебошад, дар навори ба мақомоти милитсия датрасшуда низ баръало мушоҳида мегардад", - менависад манбаъ.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрвандон Давлатов Рустамҷон ва Содиқов Ҳикматулло бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суди ноҳияи Фирдасӣ рӯзи 31 август нисбати шаҳрванд Содиқов Ҳикматулло ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз ва нисбати Давлатов Рустам бошад ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан гурӯҳе аз бонувони сокини Душанбе дар номае ба унвонии раиси шаҳр хоста буданд, ки ба масъалаи озори лафзии занон дар кӯчаҳои пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Дар муроҷиатномае, ки зери он 50 зану духтари сокини Душанбе имзо кардаанд, пешниҳод шудааст, ки барои ҷавобгарии ҷавонону мардоне, ки бо бонувону духтарон луқмапартоӣ мекунанд, чораҷӯӣ шавад.

Баъди ин муроҷиат ҷиҳати баррасии озори лафзии занон гуруҳи корӣ ташкил карда шуд. Ба гурӯҳ намояндагони ҳукамати шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи занон, Кумитаи ҷавонон ва дигар идораҳо дохил шуданд.

Тибқи иттилоъ, дар давоми чанд моҳи охир мақомоти марбута аз муҷозоти якчанд сокини пойтахт барои кирдори бад ё дашноми бонувон хабар дода, акс ва навори корҳои ислоҳии онҳоро низ расонаӣ карда буд. Ҳабси чанд ҷавон, акси фаршшӯӣ, рӯбучини ҳавлӣ ва андоваи деворҳои вайрона барои дашном ё гаппартоӣ бисёре аз сокинони ҷавони пойтахтро эҳтиёткор ва хушгуфтор кардааст. Чун бонувоне, ки ба мақомот шикоят кардаанд, рафтори ношоистаи ҷавононро сабт ё ба навор гирифта, дар ихтиёри масъулон мегузоранд.

Масъулини Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ҳадафи таҳияи чунин мавод таҳқири шахсияти ҳуқуқвайронкунандагон нест. Танҳо ба ин васила пеши рафтори ғайриахлоқиву ғайриқонунии шаҳрвандонро гирифта, адолати ҳуқуқӣ дар байни табақаҳои ҷомеа танзим карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД