arzon replenishment
Боздошти донишҷӯ барои дашному латукӯби омӯзгор
825

Милитсияи пойтахт аз боздошти донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти авбошӣ хабар дод.

Ба зикри ин ниҳод, Назаров Беҳзод, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, санаи 19-уми сентябри соли ҷорӣ дар дохили синфхона омӯзгори фанни “Этика ва эстетика” Султонов Тоҳирро дашном дода, латукӯб кардааст. Гуфта шуд, ки ҳодисаи мазкур мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба мо хабар доданд, ки Назаров Беҳзод донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси молия буда, имсол баъд аз 2 соли адои хидмати сарбозӣ таҳсилашро барқарор кард.

“Вақте муаллим аз ӯ хостааст, ки дафтару қаламашро барорад, донишҷӯ омӯзгорро ҳақорат кардааст. Баъд аз ин, устод ӯро аз дарс пеш мекунад, вале ӯ боз саркашӣ карда, омӯзгорро таҳқир кардааст. Ҳолати латукӯб вуҷуд надошт ва вазъи саломатии омӯзгор хуб аст”,- гуфт Баҳодур Ғуломов, муовини декан оид ба тарбияи факултети молия ва қарзи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ба Oila.tj.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД