toyota motors
Боздошти блогер Рустам Ашӯров барои тарғиби талбандагӣ
04.06.2026
Oila.tj
211

Кормандони милитсия блогер Рустам Ашӯрови 37-соларо барои тарғиби талбандагӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт намудаанд. Дар ин бора “Душанбе полис” хабар додааст.

“Ашӯров Рустам, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба асъори миллию меъёрҳои ахлоқӣ дастгир карда шуд. Номбурда ба фаъолияти блогерӣ машғул шуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр намудааст, ки дар он амалҳои тарғибкунандаи талбандагӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба асъори миллӣ инъикос ёфтаанд”,- омадааст дар хабар.

Нисбати Ашӯров Р. барои беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият бо моддаи 460-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД