Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе як зани сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт намудаанд. Мавлуда Бӯроноваи 21-сола дар кушодани фоҳишахона ва барои шахсони ишратпараст фароҳам овардани шароит баҳри муносибатҳои маҳрамона гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, боздоштшуда қаблан барои дуздӣ ва қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад ҳам, ба ҷойи ислоҳ шудан дубора даст ба амалҳои ҷиноӣ зада, фоҳишахона кушодааст.
Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.