arzon replenishment
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони ҷиноят алайҳи ноболиғон
1129

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як ҷавони 18-сола бо гумони содир намудани ҷиноят алайҳи ноболиғон хабар додааст. Гуфта мешавад, ки боздоштшуда духтарони ноболиғро бо макру фиреб ба доми худ афтонида, бо онҳо муносибатҳои шаҳвонӣ намуда, номашонро доғдор мекардааст.

Суннатулло Воҳидов сокини шаҳри Ҳисор буда, дар таҷовуз ба номуси 3 духтари ноболиғ гумонбар дониста мешавад. Дар хабар омадааст, ки Воҳидов бо роҳи фиреб духтарони ноболиғро ба домаш афтонда, бо онҳо муносибатҳои шаҳвонӣ мекардааст ва амалҳои ифлоси худро дар телефони мобилӣ сабт намуда, баъдан ин наворҳои бадахлоқонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекардааст.

Алайҳи Суннатулло Воҳидов бо моддаҳои 141 («Муносибати шаҳвонӣ бо шахси ба синни 16-солагӣ нарасида) ва 144 («Таҳия ва паҳн намудани маводҳои хислати порнографидошта бо иштироки ноболиғлон)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД