goodwell
Боздошти ҷавони 17-солаи тоҷик бо гумони куштори зани рус дар Маскав
28.08.2026
Oila.tj
274

Дар пойтахти Русия - шаҳри Маскав як ҷавони 17-соларо, ки зодаи Тоҷикистон будааст, бо гумони куштори як зани рус ҳабс кардаанд.

Тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, ҳодиса рӯзи 26-уми август дар минтақаи Коммунаркаи Маскав рӯй дода, ин ҷавони 17-сола бо корд ба як зани 46 солаи роҳгузар, ки низомӣ будааст, ҳамла ва ӯро аз гулӯяш захмӣ кардааст. Сабаби ба зани раҳгузар ҳамла кардани ин ҷавони ноболиғ маълум нест, вале расонаҳои Русия дар такя ба манобеи худ навиштаанд, ки ӯ қаблан барои дуздӣ маҳкум шудааст. Гуфта мешавад, ки ҷавон ҳамроҳи модар ва хоҳараш дар Маскав зиндагӣ мекардааст ва гуноҳи худро эътироф намуда, иқрор шудааст, ки дар ҳақиқат ба зани рус ҳамла кард.

Айни замон ҷавон дар баҳси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД