goodwell
Боздошти ҷавоне дар Фархор бо гумони дузии ҷавоҳироти тилоӣ ва нуқрагӣ
25.08.2026
Oila.tj
99

Дар ноҳияи Фархор аз манзили як сокини маҳаллӣ ҷавоҳироти гуногуни тилоӣ ва нуқрагӣ рабуда шудааст.

Ба иттилои ШВКД дар ноҳияи Фархор, Шарипова П. М., соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати шаҳраки Фархор, ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат карда, хабар додааст, ки аввали моҳи августи соли 2026 шахси номаълум ба манзили истиқоматиаш ворид шуда, ҷавоҳироти ӯро дуздидааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар муайян карда шудааст. Ба иттилои мақомот, ҷинояти мазкурро Каримов Умед, соли таваллудаш 2000-ум, сокини шаҳри Фархор содир кардааст. Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Гуфта мешавад, ки номбурда қаблан низ бо қисми 2-и моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД