Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти 2 савдогар барои фурӯши маводҳои пиротехникӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки кормандони милитсия дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷавони 23-сола Сунатулло Ҷобиров ва марди 34-сола Ҷумахон Собировро барои фурӯши ғайриқонунии маводҳои пиротехникӣ боздошт намудаанд. Дар рафти амалиёт аз онҳо 15 800 дона ашёҳои хурди таркандаи пиротехникӣ - хлопушка бозёфт шудааст. Тафтишот идома дорад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки аз харидан ва фурӯхтани маводи пиротехникӣ худдорӣ намоянд, зеро истифодаи ин маводҳо барои саломатӣ ва ҳаёти дигарон хатар эҷод карда метавонад.