Formula september
Боздошти 1500 фолбин ва ҷодугар дар Тоҷикистон
179

Боздошти 1500 фолбин ва

ҷодугар дар Тоҷикистон

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1500 нафар фолбину ҷодугарон боздошт шуда, ҳамзамон зиёда аз 5000 нафар муллоҳои чаласавод барои фанатизми динӣ ба рӯйхат гирифта шудаанд. Ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-октябр зимни баромаданашон қайд карданд.

Сарвари давлат ҳамзамон ба масъалаи тарбияи насли наврас ва назорат кардани рафту омади хонандагон ва муаллимон ба мактаб таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, чунин гуфтанд:

«Ман рӯзи 1-сентябр дар баромадам таъкид карда будам, ки ҳузури хонандагон ва муаллимон ба дарс бояд дар мактабҳо зери назорат гирифта шавад, аммо то ба ҳол ҳамон камбудиҳо ҷой доранд.”

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД