Formula september
Боздошти 100 духтар аз марказҳои дилхушии Ҳисор
627

Зимни амалиёти кормандони мақомоти тартиботи ҷамъиятӣ дар марказҳои дилхушии "Зафар" ва "Шоми Шӯроб"-и шаҳри Ҳисор наздик ба 100 нафар духтар ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба таъкиди ин ниҳод, баъзе аз ҷавондухтарон ба кирдорҳои шаҳвонӣ ва берун аз ахлоқ машғул гардида, марказҳои дилхуширо ба ҷойи ҷалби муштарӣ табдил додаанд, ки эҳтимол дорад ба паҳншавии бемории сироятӣ сабаб гардад.

Ба зикри манбаъ, кормандони милитсия бо онҳо суҳбатҳои профилактикӣ ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида, ҳамзамон, бо мақсади солимии ҷомеа ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ онҳо аз ташхиси тиббӣ гузаронида шудаанд.

Гуфта мешавад, ки кирдорҳои ғайриахлоқии ин духтарон дар пайи амалиёти "Тартибот ва ахлоқ", ки кормандони ВКД роҳандозӣ кардаанд, ошкор шудааст.

Қаблан дар пайи ин амалиёт дар шаҳри Душанбе низ 3 маркази дилхушӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, аз онҳо ҳудуди 300 духтар ба шуъбаи корҳои дохилӣ дастрас шуда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД