Собиқ бозигари тими «Челси»-и Англия ва тими миллии Нигерия Ҷон Оби Микел аз Академияи КФ «Истиқлол» боздид намудааст.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, зимни боздиди худ аз қароргоҳи тими пойтахт, Оби Микел бо шароити машқу тамрини кӯдакон ва майдонҳои футбол шинос шуда, баҳои мусбат додааст.
- Вохӯрии меҳмони олиқадр бо кӯдакону мураббиён ва бозигарони ҳайати асосии «Истиқлол» бисёр гарму самимӣ ҷараён гирифта, басо хотирмон гузашт,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар охир бо рамзи эҳтиром ба Ҷон Оби Микел пироҳани «Истиқлол» бо шумораи зери 10 тақдим карда шудааст.