Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз, 5-уми декабр бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд.
Бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи “Акашариф Ҷӯраев” бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмир бароварда шуда, дар он барои кору эҷоди аҳли ҳунар имкониятҳои мутобиқ ба талабот фароҳам гардидааст.
Толори барҳавои муассиса бо 989 ҷойи нишаст, 10 ҳуҷраи пардозгарӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон пурра аз таъмир бароварда шудаанд. Дар толори консертӣ дастгоҳҳои тақвияти овоз, чароғҳои нави ранга ва монитори калон насб гашта, барои баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи баланди ҳунарӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Бом иваз ва намои берунии он навсозӣ шуда, фаввораҳо барқарор ва саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишию сояафкан оро ёфтааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифодаи босамар аз имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар, эҷоди оҳангу сурудҳои баландмазмун, ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба кор, талқини худшиносӣ ва маънавиёти баланд дар ниҳоди шаҳрвандон ҳидоят намуданд.
Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки ҳунармандон бояд бо истеъдоди фавқулодаю сурудҳои баландмазмун дар баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандон ва муаррифии фарҳангу тамаддуни волои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.
Ин туҳфаи навбатии Роҳбари давлат ҳавасмандии ҳунармандонро барои эҷоди асарҳои нав, аз ҷумла суруду оҳангҳои ҷаззоб афзун мегардонад.