Боз як зани тоҷик ба дасти шавҳараш бераҳмона кушта шуд
533

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як гузориши телевизионӣ аз сар задани боз як ҳодисаи нохуши куштори бераҳмонаи зан ба дасти шавҳар хабар дод.

Боздоштшуда Наврӯзи Зафар 28-сола ва сокини деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод буда, як ҳафта пеш аз сар задани ин ҳодисаи нохуш аз занаш ҷудо шудааст. Рӯзи 16-уми декабр ӯ ба хонаи волидони собиқ ҳамсараш Ҷавҳарбии Давлатшои 27-сола рафтааст ва байни онҳо баҳсу мунозира сар задааст. Дар рафти ин моҷаро марди бадрашк собиқ ҳамсарашро дашному ҳақоратҳои қабеҳ додааст ва ба ин ҳам қонеъ нагашта, бо корди хоҷагӣ бо бераҳмаии махсу қасдан ба узвҳои ҳаётан муҳими зан 11 маротиба зарба задааст. Дар натиҷа Ҷавҳарбии Давлатшо ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Марди занкуш пас аз қатли ҳамсари собиқаш аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст, вале кормандони мақомот баъди чанде ӯро дар қаламрави ноҳия дастгир кардаанд.

Айни замон нисбати Наврӯзи Зафар бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми “одамкушӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Ин банди қонун аз 15 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ менамояд.

Куштори ҳамсар ё ҳамсари собиқ ба дасти шавҳар солҳои охир ба як мушкили доғ дар Тоҷикистон мубаддал гаштааст. Аз ҷумла, моҳи декабри соли 2025 як сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо гумони куштори ҳамсараш боздошт шуд. Тибқи иттилои ВКД, ин мард занашро бо мушту лагад ва калтак зада куштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД