Тозагиву озодагии шаҳри Душанбе самари заҳмати занҳои гулдаст ва меҳнатқарине мебошанд, ки ҳанӯз субҳ надамида шохҷорӯб дар даст ба кӯчарӯбӣ мебароян.
Аз назари аввал кӯчарӯбӣ як кори бисёр оддӣ ва саҳлу сода менамояд, вале баъзан занҳои кӯчарӯб ба хотири тозагии пойтахт ба фалокат ва фоҷиаҳои тақдирсӯз гирифтор мешаванд. Ҳодисаи хунини ба сари апаи Савринисо омада делили равшани ин гуфтаҳост...
Вазорати умури дохилии кишвар аз марги фоҷиавии боз як зани кӯчарӯби тоҷик хабар медиҳад. Тавре ки манбаъ менависад, ҳодиса соатҳои 9-35-и рӯзи 15-феврал сар зада Сияров Фатҳуддин Абдуловичи 37-сола, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод, ҳангоми аз самти кӯчаи Сино ба самти кӯчаи Бобоҷон Ғафурови пойтахт ҳаракат кардан дар рӯ ба рӯи мағозаи “Гулдаста”бо мошини “Опел-Вектра” зани кӯчарӯб Мамадова Савринисоро, ки аз пиёдагард (пешеход) меузашт, пахш кардааст.
Мутаасифона, зани кӯчарӯб бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расид.
Ин аввалин ҳодисиа зери чархи мшин мондани зани кӯчарӯб намуда, қалан низ чанд нафар занони кӯчарӯб бар асари садамаи нақлиётӣ ҷони худро аз даст дода буданд. Аз ҳамин хотир мо аз тамоми ронандагон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд.
Ф. Сатторӣ