Ман ҳамчун як марди мусалмон намозҳоямро сари вақт мехонам, дар моҳи мубораки Рамазон рӯза медорам. Мехостам донам, боз чӣ кор кунам, ки савоб гирам?
Амирхон, ш. Ҳисор
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Дар як ҳадис омадааст, ки ба зимаи ҳар мусулмон як миқдор садақа додан зарур аст. Расули Акрам (с) ҳамеша хайру эҳсон мекарданд. Шахсе арз намуд: -Эй Расули Худо (с) касе мол надошта бошад, чӣ кор кунад? Расули Худо (с) фармуданд:-Бояд ба даст меҳнат карда, ҳам зарурати худро бароварда созад ва ҳам садақа намояд. Нафаре пурсид: - Эй Расули Худо (с), агар касе узр дошта бошаду меҳнат карда натавонад-чӣ? Расули Акрам (с) гуфтанд: -Бояд ҳоҷати мусулмонеро барорад, ки ин ҳам садақа аст. Боз шахсе пурсид: -Эй Расули Худо (с), агар инро ҳам натавонад-чӣ? Расулуллоҳ (с) фармуданд: -Сухани нек гӯяд… Агар инро ҳам натавонист, ба касе зарар нарасонад, ки барои ӯ ин ҳам садақа аст. Бояд садақаву эҳсон аз моли ҳалол карда шавад. Худованд садақаеро ба даргоҳаш қабул мекунад, ки ҳалол бошад.
Суфёни Саврӣ (р) мефармояд: «Касе ки моли ҳаромро садақа кард, гӯё либосашро пок мекунад ва он либос бе об пок намешавад. Гуноҳ ҳам бе моли ҳалол бахшида намешавад!»