Formula novemver 2024
Боз як тоҷикбача аз тири қирғиз кушта шуд?
1344

Боз як тоҷикбача аз тири қирғиз кушта шуд?

Субҳи имрӯз дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон боз тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он як сарбози тоҷик кушта шудааст.

Тавре ки расонаҳо менависанд, нооромӣ дар марз субҳи содиқ оғоз ёфта, будини ягон сабаб ва огоҳӣ сарбозони қирғиз тахминан соатҳои 6-и саҳар аз яроқҳои оташфишон, аз ҷумла аз миномёт ба сӯйи постгоҳи сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд.

Бар асари тирпарронӣ як сарбози тоҷик ба ҳалокат расида, ҷисми бе ҷони аскарбачаи ормониро ба сардхона-морг бурдаанд.

Ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, тахминан 10 километр дуртар аз маркази ҷамоат сар задааст.  

Дар ҳамин ҳол расонаҳои қирғизӣ аз ҷумла агентии АКИ- пресс дар такя ба гуфтаҳои марзбонони қирғиз гуноҳро ба сари марзбонони тоҷик бор карда, менависанд, ки гӯё сарбозони тоҷик аввалин шуда ба сӯйи дидбонгоҳи марзбонони қирғиз аз гранатомёт ваминомёт оташ кушодаанд ва онҳо маҷбур шудаанд, ки оташи ҷавобӣ кушоянд.

Ин бори аввал нест, ки сарбозони қирғиз қасдан ба сӯйи постгоҳи марзбонони тоҷик оташ кушода, бо ҳамин роз мехоҳанд оромии марзи ду кишварро халалдор намоянд. Ҳамагӣ 10-12 рӯз пештар дар марз як ҳодисаи дигари тирпарронӣ сурат гиирфта буд, ки бар асари он се тан захмӣ шуданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД