Боз як зани бегуноҳи тоҷик қурбони ҷаҳли мард гашт.
Боз як хона мотамсарой гаштаву нолаи ҷонкоҳи модар ба фалак печидааст.
Боз як тобути пур аз ормон рӯ-рӯйи дасти мардум ба сӯйи гӯристон меравад.
Бз як ҷавони ормонӣ орзуҳояшро бо худ ба зери хоки сард бурд...
Боз фоҷиа!
Боз куштор! Куштори зан ба дасти шавҳар!
Ин ҳодисаи нохуш дар Файзобод рӯй додааст.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади як зани ҷавон дар ноҳияи Файзобод хабар додааст. Тибқи иттилои манбаъ, ин ҳодисаи нохуш шоми 13-уми декабр рӯй дода, ҷасади ҷавонзанро бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз чуқурии назди идораи шабакаи барқии шаҳраки Файзобод пайдо намудаанд. Марҳум ҳамагӣ 24 сол дошта, сокини ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ҳамин ноҳия будааст. Дар куштори ин ҷавонзани файзободӣ шавҳари 32-солааш, ки пештар барои дуздӣ ҳабс шуда будааст, гумонбар дониста мешавад.
Дар хабар омадааст, ки ин марди бадрашк санаи 11-уми декабр, ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш ӯро ба назди идораи шабакаи барқии ноҳия бурда, ба чуқурӣ тела додааст ва баъди афтидан ҷавонзанро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонида, баъдан, ҷасадро зери хок карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати ин шавҳари бераҳм парвандаи ҷиноӣ боз гашта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.