Arzon march 2024
Боз як дастоварди дигари илмии Тоҷикистон
495

Хонандаи Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ёсуман Розиқова дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби ҷоизаи озмуни «Беҳтарин олими ҷавон-2023» гардид.

Озмуни «Беҳтарин олими ҷавон-2023» байни донишҷӯёни муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек» дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии электронии «eLIBRARY.RU»-и Русия доир гардид.

Дар озмун хонандаи синфи 11-и Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ёсуман Розиқова иштирок намуда, дар асоси хулосаи комиссияи озмун дар бахши илмҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ ғолиб гардид ва соҳиби дипломи дараҷаи 1 ва нишони сарисинагии «Беҳтарин олими ҷавон-2023» шуд.

Қаблан, иттилоъ дода будем, ки лейтенанти калони милитсия, муҳандис-иқтисодчии шуъбаи молиявии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Сайфиддинзода “Беҳтарин корманди ИДМ-2023” ва Додхудо Шарифзода, магистри Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” эълон шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи “Ҳаракати умумихалқии Бобек” ҷиҳати муайян намудани беҳтарин корманд байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД