Аз 1 август дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пардохти маблағи китобҳои дарсӣ аз тарафи волидон ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.
Ин нукта дирӯз, 18-уми июл зимни баргузории ҷаласаи гурӯҳи кории машваратӣ оид ба механизми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар самти ҷамъоварӣ намудани маблағҳои китобҳои дарсӣ садо дод, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, кормандон, намояндагони ташкилотҳои амонативу қарзӣ, масъулони бонкҳои хусусиву давлатӣ, муҳосибону китобдорони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Музаффарзода Бадриддин, сардори Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, ба сомонаи “Оила” гуфт, ки дар доираи татбиқ ва иҷрои пардохти ғайринақдии тамоми хизматрасонии пулакии соҳаи маориф онҳо бо намояндагони “Амонатбонк”, “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”, “Имон Интернешнл”, “Бонки Байналмилалии Тоҷикистон”, “Ҳумо”, “Душанбе сити Бонк”, “Бонки Эсхата” ва “Тавҳидбонк” суҳбат намуданд ва онҳо замимаву барномаҳои худро пешниҳод намудаанд.
"Мо ҳоло фикр карда истодаем, ки маблағи китобҳои дарсиро падару модарон ба кадом суратҳисоб интиқол диҳанд, то кори онон осон бигардад. Ният дорем, ки низоми билингиро ба роҳ монем ё ягон тартиби дигар, ин масъала ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад", - гуфт ӯ.
Музаффарзода гуфт, ки ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ чӣ гуна бартариятҳо дорад:
- - сарфаи вақт, зеро барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба бонк рафтан зарур нест, онро аз хона ва ё ҳуҷраи корӣ иҷро кардан мумкин аст;
- - сарфаи қоғазу вақти корӣ, зеро зарурати пур кардани ҳуҷҷатҳои зиёд вуҷуд надорад;
- - зиёдшавии имконияти вақти иҷрои амалиёти бонкӣ, зеро мизоҷ метавонад амалиётро ҳар вақте ки хоҳад, новобаста аз вақти корӣ бонк иҷро намояд: 24 соати шабонарўзӣ ва 7 рӯзи ҳафта, аз он ҷумла рӯзи истироҳату ид.
Бояд гуфт, ки иқдоми пардохти ғайринақдӣ дар асоси иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва Фармони Президенти Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” амалӣ мешавад.