Commerc banl
Боз ду фурӯшандаи гӯшт дар Душанбе ҳабс шуданд
23.02.2026
Oila.tj
112

 

Пулиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ду нафарро барои худсарона баланд бардоштани нархи гӯшт ҷазо додааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Умед Раҷабов ва Файзулло Ҷалилов "бо мақсади дарёфти манфиати молиявӣ" гӯштро бо нархи баланд ба фурӯш гузоштаанд.

Нисбати онҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суди ноҳияи Шоҳмансур ҳар кадом ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум гардидаанд.

Мақомот бори дигар тоҷиронро ҳушдор медиҳанд, ки аз худсарона боло бурдани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД