Ширкати байналмилалии аудиторӣ ва машваратии «Дeлойт» ҳисоботи солона оид ба даромади дастаҳои футболи ҷаҳонро дар мавсими солҳои 2022/2023 интишор намуд.
Бошгоҳи футболи «Реал»-и Мадрид (Испания) бо фоидаи 831 миллион евро сердаромадтарин дастаи олам эътироф гардид.
Мақомҳои баъдиро «Манчестер Сити» (Англия, € 826 миллион), «ПСЖ» (Фаронса, € 802 миллион), «Барселона» (Испания, € 800 миллион) ва «Манчестер Юнайтед» (Англия, € 746 миллион) ишғол намуданд.