Ҳаророрати ҳаво чанд рӯзи охир дар манотиқи кишвар поин рафтааст. Инчунин боронҳои кӯтоҳмуддат низ ба чашм мерасад. Агентии обуҳавошиносии кишвар барои имрӯз дамои ҳаворо пешгӯӣ карда қайд менамояд, ки дар баъзе аз манотиқ борони кӯтоҳмуддат ба вуқуъ мепайвандад.
Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо 20+22 дарҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Гуфта мешавад, ки имрӯзу пагоҳ дар шаҳри Душанбе – ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм мешавад.
Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 18+23º , рӯзона 34+39º гарм мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти обуҳавосанҷон рӯзҳои 8-9 августи соли 2023 дар қаламрави як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон ва меҳмонон бо эҳтиром хоҳиш мекунад чораҳои эҳтиётиву бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Сокинон бояд талош кунанд селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои пеши хонаҳои худро сари вақт аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд, то сел роҳи озоди бурунрафт дошта бошад. Рафтан ба шикоргоҳу моҳидорӣ, ғунучини ҳезуму рустаниҳои доруворӣ маслиҳат нест. Ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардиву сайёҳон бояд ҳатман қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро риоя намоянд.