sebiston july new
Борону чанг дар фазои Тоҷикистон
636

Тавре ки иттилоъ додем, имрӯз бо сабаби омилҳои метеорологӣ дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба ҷумҳурӣ чангбод ворид мегардад, ки зимни он эҳтимоли баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар дошта шудааст,  иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат  ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10  ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат  ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21, рӯзона 26+31 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона аз 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18+20 дараҷа ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД