Рӯзҳои 6-7 октябр якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар ҳудуди кишвар пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаи мазкур сокинонро огоҳ намудааст, ки шабонарӯзи оянда борон (шабонаи 7 октябр дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борон бо гузариш ба барф) дар бештари минтақаҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ (НТҶ) бошиддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10º паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18м/с пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 6-7 октябр дар ноҳияҳои боришоти бошиддат пешгӯишуда сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта аз эҳтимол дур нест.
Бо сабаби ба амал омадани боришоти бошиддат дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баланд шудани сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Барои имрӯз ҳаво бебориш ва гарм буда, дар Душанбе дамои ҳаво то 30 º, дар шаҳри Хуҷанд 26-28 º, дар шаҳри Бохтар 32 º ва дар шаҳри Хоруғи ВМКБ то 23 º гармӣ пешгӯӣ шудааст.