Arzon march 2024
Борону барф меборад
501

 

Шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора тағйир ёфта, шамоли сахт мевазад ва борону барф меборад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар ткя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвра хабар додааст.

Рӯзи 29- ноябр дар ҷумҳурӣ шамоли сахт вазида, боридани борони шадид дар назар аст. Дар баландии зиёда аз 1800 метр аз сатҳи баҳр барф меборад.
Дар як қатор ноҳияҳо боришоти пуршиддат пешгӯӣ шуда, метавонад боиси болоравии сатҳи об дар дарёҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ гардад ва хавфи фаромадани сангреза ва селу тармаро ба вуҷуд орад.

Ба хотири эмин нигоҳ доштани хона ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ҷӯй ва заҳбуру каналҳои назди макони зисти худро саривақт аз ҳар гуна партовҳо тоза кунанд.
Дар ин рӯзҳо аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум бояд худдорӣ намуд.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз ба роҳ баромадан воситаи нақлиёти худро ба сафар омода намуда, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.

Дар сурати руй додани ҳолатҳои фавқулода ё ҳодисаи нохуш фавран ба қисми навбатдории кумита бо рақамҳои (+992) 93- 880- 28- 19 ва ё 223- 13- 11 хабар диҳед ё аз замимаи мобилии «SOS» истифода баред. 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД