3 рӯзи сард дар Тоҷикистон
Рӯзҳои 26-29 январи соли равон дар саросари Тоҷикистон ҳаво якбора сард мешавад. Боришоти шадид дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба маълумоти Агентии обу ҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки рӯзҳои 26-29 январ ҳаво дар саросари ҷумҳурӣ якбора хеле сард шуда, борон ва барф меборад.
Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма ва фаромадани туман вуҷуд дорад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳи барфу борон меборад. Рӯзи 27 январ дар водиҳо бориш қатъ мешавад, аммо дар баъзе навоҳии кӯҳӣ он идома мекунад. Шамол бо шиддати 5-10 м/с мевазад.
Рӯзҳои 27-28 январ дар навоҳии ҷудогона шиддати бод то ба 15-20 м/с хоҳад расид.
Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ шудааст.
Дар қаламрави ВМКБ низ боридани борон ва барф пешгӯӣ шудааст.
Борону барфи пуршиддат метавонад сабаби лағзиши тарма, резиши санг дар роҳҳо, афзоиши садамаҳо,махсусан дар роҳҳои кӯҳӣ гардад.
Аз ҳамин хотир аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳ, махсусан роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми гузаштан аз роҳҳо талош кунед аз зери дарахтон нагузаред ва аз сутунҳои сустниҳоди реклама эҳтиёт бошед.
Ба ронандагон ҳушдор дода шудааст, ки дар ин рӯзҳо суръати ҳаракати мошинашонро баланд накунанд ва ҳангоми ҳаракат фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.
Ҳангоми ба вуҷуд омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода метавонед ба рақами 112 ва ё телефонҳои қисми навбатдории Кумита: (+992) 93-880- 28- ва 19- 223- 13- 11 занг зада, кумак пурсед.