Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи наздик дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд хавфи омадани сел вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия додааст, ки то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои хавфнок барои ҷамъоварии ҳезум ва алафҳои доруворӣ худдорӣ намоянд.
Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.
Сокинон бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳои назди манзили зисташонро сари вақт тоза намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ба ронандагон ёдрас менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ба таври ҷиддӣ риоя кунанд.