Дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво каме поин рафта дар баъзе аз ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.
Ҳарорати ҳаво дар Бадахшони кӯҳӣ то ба 24+29 дараҷа расида дар баъзе ноҳияҳо шамол то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Вилояти Суғдро низ ҳавои тағирёбанда интизор аст. Дар баъзе аз манотиқи кӯҳии вилоят борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Боришот пешгӯи намешавад.
Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ ҳарорат поён мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24, рӯзона 33+38 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат бо раъду барқ ба амал меояд.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.