sebiston july new
Борон ва барфи бошиддат меборад
311

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борону барфи бошиддат меборад ва дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Аз тамоми ронандагон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт бошанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят барфи бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, борону барф меборад, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон дар водиҳо борону дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барфи бошиддат меборад ва туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм, рӯзона 6+8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД