1xbet
Борон ва барф меборад
634


Мувофиқи маълумоти Агентии обу ҳавошиносии кишвар имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борону барф меборад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 8+12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борону барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барфи тар меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 1+6 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борон ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Борон ва барф меборад
Gazprom july 2025
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси