Arzon march 2024
Бори аввал дар Тоҷикистон ба 2 кӯдак дасти бионикӣ гузоштанд
724

 

Дар Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»- и шаҳри Душанбе ба ду кӯдаки то 10-сола дасти намунаи нави бионикӣ гузошта шуд. Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон ин амал анҷом дода мешавад.

Тавре ки вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар сомонаи расмиаш хабар додааст, дасти намунаи нави бионикӣ зимни машғулияти амалӣ байни мутахассисони Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»- и шаҳри Душанбе ва ширкати «Моторика»- и шаҳри Москваи Федератсияи Русия гузошта шудааст. Гуфта мешавад, ки баъди ба итмом расидани машғулият 10 нафар мутахассисони тоҷик бо сертификати ширкати «Моторика» сарфароз гардонида шуданд.

Ба иттилоъи манбаъ, дасти бионикӣ намунаи анатомияи инсон аст. Бо дасти бионикӣ ҳамаи ҳаракатҳои дасти ҳақиқиро анҷом додан мумкин аст, зеро он ба торҳои асаби инсон пайваст мегардад. Ашё бо дасти бионикӣ ҳис карда мешаванд. Муттахассисон кафолат медиҳанд, ки бо ин даст кӯдакон ашёҳоро дошта метавонанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД