Formula novemver 2024
Бонуи оҳанин
1594

Давомаш...

Таксӣ ба осонӣ ва зуд маро то пеши дорухона бурда монд, чун дохили коргоҳи барҳаво шудам, маро духтаракони фурӯшанда пешвоз гирифтанд. Ман аз онҳо сардорашонро пурсидам ва яке аз онҳо маро то дари утоқи шефашон роҳнамоӣ кард. Чун бо иҷозати сардорашон соҳиби кабинети ӯ шудам, дар ӯ ба рӯям зани қоматбаланди зебои сабзинаеро дидам бо табассуми ширину ошно ва ӯро шинохтам…

Гесӯ дастонашро мисли боли ӯқоб ба ҳар тараф кушода, маро оғӯш гирифт ва беохир Гулҷамол, хоҳари асалам мегуфт. Ман ҳам ба куҷо ва барои чӣ омаданамро фаромӯш карда, ӯро мебӯсидаму Гесӯҷон гӯён, шодмонӣ менамудам. Мо бо ҳам хеле сӯҳбат кардем, Гесӯ ба ман аз тақдири талхи худ қиссаҳо кард…

-Бо ҳамсарам зиндагии шоҳона доштем, ҳарду кор мекардем, дар зиндагӣ танқисие надоштем. Соҳиби ду писари нозанин ҳам шудем, зуд-зуд ба Русия назди падару модарам мерафтам, вале писарону шавҳарам дар як тасодуми нақлиётӣ ба ҳалокат расиданду ман дар ҳавлии дуошёнаи бошукӯҳ танҳо мондам. Шабу рӯз мегиристам, ба девонагӣ расидам, бо маслиҳати пайвандони ҳамсарам ҳавлиро фурӯхта, дар пойтахт хона харидам. Се хонаи сеҳуҷрагӣ дар биноҳои баландошёна, дар ду тояш иҷоранишин шинонда, аз ҳисоби он зиндагӣ мекардам, баъди табобатҳои зиёд ба худ омада, ба тиҷорат даст задам ва муваффақ ҳам шудам, аммо дигар бахт надидам.

Чун ман қиссаи зиндагиямро кардам, чашмони Гесӯ аз косахонааш бадар шуданд ва ӯ гуфт, ки бале Маҷид боре ба дорухонаи ӯ барои санҷиш омада, ба ӯ часпид, вале ҷаводи рад гирифт. Ӯ мегӯяд, ки занаш сари фарзанд рафтаасту бо писарчааш танҳо зиндагӣ мекунад, ман дудила дар фикр мондам, вале бо ӯ ҳеҷ муносибат надорам, чун зуд-зуд ин ҷо пайдо мешавад, коргаронам ӯро «ошиқ» лақаб додаанд…

Раҳоӣ

Гесӯ ба Маҷид занг зад, ӯ зуд ҳозир шуд ва маро инҷо дида, девона шуд, Гесӯ бо мулоиматӣ ба ӯ фаҳмонд, ки бо ман меҳрубон бошад, вале Маҷид маро ба хона оварда, то мурдан лату куб карду дари хонаро ба рӯям қуфл зада, баромада рафт. Рӯзи дигар ман дасти писарамро гирифта, назди Гесӯ рафтам ва аз ӯ мадад хостам…

Инак, панҷ сол мешавад ман бо ин зани меҳрубон дар як хона зиндагӣ мекунаму дар тиҷорат кӯмакрасонаш ҳастам, ғоибона донишгоҳ мехонам дар курси панҷуми факултаи кимиё ва биология. Писарам дар литсеи бонуфузе таҳсил мекунаду мехоҳад мисли холаи Гесӯяш духтур шавад.

Маҷид зани дигар гирифт, аммо фарзанддор нашуд, бо писарам муносибатҳояш хубанду чанд бор аз ман хоҳиш кард, ки оштӣ шавем. Аммо ман дигар рӯяшро дидан намехоҳам, дар зиндагӣ азобҳое кашидам, ки худам медонаму Худо. Аз яздони пок миннатдорам, ки маро дар гардиши вазнинтарини умр бо Гесӯ рӯ ба рӯ кард.

Кош ҳама қиссаҳои талхи ҳаёти инсон ба ширинӣ анҷом биёбанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД