Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои форсизабон ахиран хабаре паҳн шуд, ки гӯё дар пули коғазии 200-сомонии Тоҷикистон тасвири донишманди бузург Абуалӣ ибни Сино ҷойгир карда мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон ин хабарро расман рад карда, онро овоза номид.
Ба иттилои ниҳоди масъул, дар бораи ҷойгир намудани тасвири Абуалӣ ибни Сино дар пули 200-сомонӣ ягон қарор қабул нашудааст ва дар ин самт ягон корбарӣ низ анҷом дода намешавад. Бонки миллӣ таъкид кардааст, ки зарурати ворид намудани чунин тағйирот низ дар айни ҳол дида намешавад.
Ҳамин тавр, тасвири Абуалӣ ибни Сино, ки имрӯз дар пули коғазии 20-сомонӣ ҷой дорад, дар пули 200-сомонӣ пайдо нахоҳад шуд, ҳадди ақал тибқи маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон.
Ин дар ҳолест, ки овозаи мазкур дар фазои маҷозии форсизабонҳо ба таври васеъ паҳн шуда, таваҷҷуҳи корбаронро ба худ ҷалб карда буд.