Arzon march 2024
Бонкаматҳои бепулу мардуми саргардон
1290

Дар рӯзҳои истироҳат шикояти мардум дар бораи набудани маблағ дар бонкаматҳои кишвар зиёд шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ махсусан фейсбук, даҳҳо нафар зери чунин навиштаҳо шарҳ гузоштанд, ки ба ин мушкили рӯ ба рӯ гаштанд.

 _5

Сабрина Ғафурзода , корбари фаъоли шабакаи иҷтимоӣ дар саҳифааш бо ишораи Душанбе Сити (Dushanbe City) як рӯз пеш навиштааст, ки ҳамаи бонкаматҳои ДС, ки дар пойтахт аст, гаштаму аз ягонтоаш пул наёфтам. Аниқтараш ягон бонкамат пул надорад. Зери ин навишта нафароне, ки ба ин мушкили рӯ ба рӯ шудаанд ва наметавонанд, маблағҳои худро аз корташон гиранд.

Сабрина ҳамчунин қайд кардааст, ки сад сомон таксипулӣ карда, ба маҳаллаҳои 112, 82, Қарияи боло, СУМ, воданасос рафтам, ягонҷо пул надорад.

Эмомалӣ Саидзод, рӯзноманигор аст ва навиштааст, км се рӯз аст, аз бонкаатҳои ин ширкат пулашро гирифта наметавонад.

Таманно Давлатова, вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки ман аз ду бонки бонуфуз, яке Душанбе Сити ва дигаре Алиф маблағ мегирам. Аз он ки бонкаматҳои ДС дар назди хонааамон аст, бештари вақт ба ин кор пулҳоямро мегузаронам. Се рӯз мешавад, ки на пуламро аз корти ДС ба корти Алиф гузаронида метавонаму на аз бонкаматҳо пул гирифта метавонам. Ба чанд гӯшаи шаҳр рафтам, аммо пул надоранд.

_3 

Ҷасури Қиёмиддин, ки дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон кору зиндагӣ мекунад, навиштааст, ки “Ягон бонкамат пул надорад!” зери ин навишта низ мардуми зиёд шаҳр гузоштаанд, ки ба ин мушкилӣ дучор гаштаанд.

Empire Fayzullobek, бо таассуф гуфтааст, ки барои харидани дору тамоми бонкаматҳои шаҳри Душанберо гаштам , вале аз ягон бонкамат пайдо накардам ва дигар монда шудаму дору ҳам нахаридам.

Аз навиштаҳои мардум маълум аст, ки дар бонкаматҳои аксари минтақаҳои кишвар, Бохтар, Балхӣ, шаҳри Душанбе чунин мушкилӣ ҷой дошта, мардум натавонистанд, ки пулҳои худро бигиранд.

ъъъъъъъ

Фирдавс Умаров бо танз гуфтааст, ки “Ин ҳам “хайр”-и Рамазонии бонкҳои Тоҷикистон ба муштариёнаш аст."
Барои дақиқ кардани мушкилии бамиёномада, бо намояндаи яке аз ин бонкаматҳо, Душанбе Сити тамос гирифтем. Адиба, намояндаи Душанбе Сити ба хабарнигори сомонаи Оила ТҶ мушкилиро чунин шаҳр дод:

-То имрӯз кам кам маблағ ҷудо шуда истодааст. Аз тарафи Бонки Миллӣ маблға ҷудо шавад, маблағгузорӣ мекунанд.

_4

Ба саволи он ки оё имкон надошт, ки маблағ саривақт гузаронда шаваду мардум то ин ҳад сарсону саргардон нашаванд, номбурда гуфт: Кӯшиш карда истодаем ва ҳатман маблағгузорӣ мешавад”
Аз шарҳҳо бар меояд, ки натанҳо муштариёни "Душанбе Сити" балки муштариёни дигар бонкҳо низ ба ин мушкилӣ рӯ ба рӯ гаштанд.

Самандар Раҷабализода навиштааст, ки “ Ҳаминрӯз то соати 12 дар бонкаматҳои “Амонтабонк”-и шаҳри Бохтар маблағ кофтам, аммо ягон бонкамат пул надошт. Ҳамин масъулон кай масъулият ҳис мекарда бошанд?

 

ъъъ

 

зз

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД