Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин” бо мақсади аз бар намудани осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ маҳфили "Бонги най" доир карда шуд.
Бино ба иттилои муассисаи мазкур, дар маҳфил директори китобхона Рухшонаи Шералӣ, роҳбари маҳфили мазкур Сайҳомиддин Назруллоев, китобдорон ва аъзои китобхона иштирок кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинии мазкур аъзои маҳфил аз эҷодиёти шоир маълумоти мухтасар баён намудаанд.
- Бояд қайд намуд, ки Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ машҳур ба Мавлавӣ, Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, ё Муллои Рум яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони халқҳои форс-тоҷик ба шумор меравад, ки соли 1207 дар Балх таваллуд шудааст. Падараш Баҳоуддини Валад аз фақеҳони машҳури замон буд. Ҷалолуддини Балхӣ дар ҷавонӣ ба омӯзиши илмҳои маъмули давр машғул шуд. Баъди вафоти падар муддате дар хидмати Саййид Бурҳонуддини Тирмизӣ, ки аз шогирдони падараш буд, шогирдӣ кард. Ҷалолуддини Балхӣ дар эҷодиёти худ одамонро ба некӣ ва некӯкорӣ даъват карда, асоси бадиро дар ҳирсу тамаъ мебинад. Вай зулму золимӣ, хислатҳои бади одамиро сахт маҳкум намуда, ба воситаи масалу ҳикоятҳои зиёде адолат, саховатмандӣ, меҳнатдӯстӣ, хислатҳои писандидаи одамиро васф менамояд,- меафзояд манбаъ.