arzon replenishment
БОКИРА МУРӢ, АРӮСИ ХУДО МЕШАВӢ МЕГӮЯНД...
6322


Дар замонҳои қадим духтарони бешавҳарро ҳамеша бо либоси арӯсӣ дафн мекарданд. Ин маросим имрӯз ҳам вуҷуд дорад. Ҳама ба ин қоида риоя мекунанд, аммо бисёриҳо намедонанд, ки ин анъана аз куҷо омадааст ва чӣ маъно дорад?

Тибқи шарҳи баъзе аз коршиносон духтари дар намуди бокира фавтида гӯё арӯси Худо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, духтар вақти дафн кардан бояд либоси мувофиқ дошта бошад. Назарияе ҳам ҳаст, ки зани ҷавон вақте пеш аз тӯй мемирад, дар он дунё ҳамчун зани оиладор аз нав таваллуд мешавад. Тибқи ақоиди таърихшиносон, маросими дафн дар либоси арӯсӣ маҳз ба ҳамин вобаста аст.

Аксар вақт пойафзол ва лавозимоти махсус барои маросими дафни «арӯс» интихоб карда мешаванд (онҳо ҳатто ангуштарини тӯйии арғувонӣ доранд). Мисле, ки арӯси зиндаро орову торо медиҳанд, арӯси мурдаро низ ҳамон гуна ороиш мекунанд. Дар пешониаш гулчанбар ё парда гузошта мешавад.
Дар баъзе минтақаҳо дар маросими дафн ҳатто тӯйи воқеӣ ҳам баргузор мешавад. Аз миёни ҷавонмардони маросим «домод» интихоб карда мешуд. Вай бояд либоси домодӣ (шиму костюм, гарданбанд, куртаи сафед) ба бар кунад ва дар назди тобут роҳ гардад. Дар сурати пайдо нашудани домод аз миёни иштирокчиён ва ё наздикони марҳум, аксар вақт дарахтони мевадиҳанда ё санг ҳамчун шавҳар бо духтари бокира никоҳ карда мешавад. Баъдан гулчанбар ба сари арӯс гузошта мешавад ва арӯсро дар қабр дафн мекунанд.

Вақте ки духтари бокира дафн мешавад, ҳамаи иштирокчиён маросим механданд, рақс мекунанд ва суруд месароянд. Домодро муборакбод мегӯянд. Дар дасти домод шамъ, шамшер ва нони «тӯй», ки махсус барои ин маросим омода карда шудааст, рост меистад. Ширкаткунандагони маросим нонҳои дар назди тобут гузошташударо аз рӯи анъана бояд дар қабристон хӯранд.
Ба ақидаи баъзе аз таърихшиносон духтарони бокираро маҳз ба он хотир дар либоси арӯсӣ андохта, дафн мекунанд, ки ӯ дар олами дигар гӯё ба ҳаёти нав мегузарад. Мардум ба ин маросим бовар доранд. Гӯё дар он ҷо ӯ ҳаёти худро идома медиҳад. Яъне, дар он ҷо вай издивоҷ хоҳад кард. Барои ин ба ӯ либоси арӯсӣ лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД