arzon replenishment
Боду ҳавои Тоҷикистон дар рӯзҳои солинавӣ
535

Аслан соли нав бо барф зебост, вале дар Тоҷикистон имсол ҷашни соли Нав бе барф мегузарад.

Тавре Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додааст, дар аксари минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе борон меборад, вале дар баъзе манотиқи кӯҳӣ боридани барф аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Хатлон ва Суғд дар рӯзҳои ид ҳаво каме гармтар буда, боридани барф дар назар нест. Шабона ҳарорат аз -3 то +2 дараҷа ва рӯзона аз +2 то +7 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳии Суғд шабона аз -7 то -14 дараҷа сард шудани ҳаво эҳтимол дорад.

Дар вилояти Хатлон 31-уми декабр рӯзона аз +7 то +12 дараҷа гарм шуда, шабона ҳарорат аз -2 то +3 дараҷаро ташкил медиҳад. Суръати шамол аз самти шарқ 5-10 м/с мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар қисмати ғарбии вилоят, шабона ҳарорат аз -5 то -10 дараҷа сарду рӯзона аз -2 то +3 дараҷа хоҳад буд. Дар шарқи вилоят, дар минтақаҳои кӯҳӣ, сардиҳои шадид то -30 ва ҳатто -40 дараҷа шабона эҳтимол дорад.

Дар Душанбе, рӯзи 31-уми декабр рӯзона ҳарорат аз +11 то +13 дараҷа гарм шуда, шамол 4-9 м/с аз самти ғарб мевазад. Ҳаво шаби 31-уми декабри соли 2024 ба 1-уми январи соли 2025 аз +2 то +4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар маҷмуъ, дар соли нав дар Тоҷикистон ҳарорати муътадил пешбинӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад, вале зимистони сарду яхбандӣ эҳсос намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД