arzon replenishment
Боду ҳавои Тоҷикистон дар моҳи январ
845


Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷӣ имсол дар моҳи январ боду ҳавои кишварамон ба боду ҳавои моҳи декабри соли 2007 монанд мешавад.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 3-7 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 3-7 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона аз 4+9 дараҷа гарм то -2+3, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7 то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз -3+2 то 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 10-15 ва рӯзона то 4-9 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 12-17 то 16-21 дараҷа хунук шуда, рӯзона то 6-11 дараҷаро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад.

Рӯзҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, 3-7 ва дар баъзе ноҳияҳо то -10 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона аз 2-7 то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз -3+2 то 3-8 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона то 9-14, дар баъзе ноҳияҳо то 14-19 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд дар назар дошта шудааст.

Дар Шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 15-17 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад (дар мавзеи Булункӯл то -24 дараҷа хунук мешавад). Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати шабонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, аз 17-22 то 23-28 дараҷа хунук, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда, то 32-37 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункӯл то 45-50 дараҷа хунук), рӯзона аз 6-11 то 9-14 дараҷа хунук мешавад. Рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда, то 13-18 дараҷа сард мешавад.
Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад, хабар додааст Ховар.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД