Қисми зиёди навзодон баъди таваллуд дамиш дошта, шиками кӯдак сахт шуда, ҳангоми ширхӯри инҷиқӣ мекунад. Гоҳҳо боди шикамаш мебарояду тифлак хеле ором мешавад.
Ҳангоме, ки дар тифлак чунин аломатҳоро дидед, бояд дарк кунед, ки навзод дамиш дорад ва ин ӯро озор медиҳад. Модароне, ки бори аввал кӯдакдор мешаванд, дар ин ҳолат ба такопӯй медарояд, ки комилан оддӣ аст. Аммо сабаби асосии ин ҳолат бевосита модар аст. Ба ин мазмун маслиҳатҳои духтур акушерро ҳанӯз дар аввали ҳомиладорӣ аҳмият дода, онро иҷро кардан лозим аст.
Тамоми духтурон дар муоинаи аввал таъкид менамоянд, ки барои модар дар ин давра обҳои хунуки газдор нӯшидан мумкин нест. Шӯрӣ ва аз меъёр зиёд ширинӣ низ истеъмол кардан ба мақсад мувофиқ нест. Қаҳваи сиёҳ ва хӯрокҳои кӯчагӣ (фастфуд) ва ғизоҳои камкалорияро низ камтар нӯши ҷон намудан лозим аст.
Сабаби асосии дамиши кӯдак баъди таваллуд ин нӯшидани нӯшокиҳои газдори хунук ва умуман оби хунук мешавад. Он ҳанӯз кӯдакро дар дохили батн ба илтиҳоби меъда ва руда оварда мерасонад. Ҳамин, ки кӯдак тавалуд шуд, ғизоҳои берун аз батнро ҳал карда наметавонад ва дамиш меорад.
Дамиши шиками кӯдак ҳам ҳолати табиӣ аст ва ҳам аз хӯроки хӯрдаи модар вобастагӣ дорад. Аввалан, ҳангоми таваллуди кӯдак унсурҳои узвҳояш ба пуррагӣ кор намекунад, рудаҳояш тангу меъдааш хурдакак аст. Ба ин хотир, тез - тез боди шикамаро мебарорад. Барои осон гузаштани ин раванд якчанд амалро анҷом диҳед, мувофиқи мақсад аст.
Ҳангоми ҳомиладорӣ обҳои газнок ва таомҳои хунукро аз яхдон гирифта, истеъмол кардан мумкин нест. Албатта, дар рӯзҳои гарми тобистон худро нигоҳ доштан ниҳоят душвор аст, аммо барои саломатии кӯдак эҳтиёт намудан ба фоидаи кор аст.
Баъди тавалуд доруҳои махсусе ҳастанд, ки барои дамиши шиками навзод пешбинӣ шудаанд. Бо тавсияи духтур аз онҳо истифода намудан лозим аст.
Инчунин, шиками кӯдакро бо равиши ақрабаки соат маҳс намоед. Ин баровардани дамиши кӯдакро осон мекунад.
Сониян, навзодро зуд-зуд ба шикам хобонед. Агар шикамаш бод дошта бошад, гиря мекунад, аммо тарсидан лозим нест, чунки ин мегузарад ва ба чунин тарз истодан ба тифл одат мешавад.