Formula novemver 2024
БОҒЧАИ КӮДАКОНА ДАР БОХТАР ОТАШ ГИРИФТ
1469

Субҳи имрӯз дар кӯдакистон рақами 2 - и шаҳри Бохтар сӯхтор сар зад. Бино ба гуфти шоҳидони ҳодиса сӯхтор дар миёнаҳои соати 7 - и субҳ рух додааст.

Аз қисми навбатдории раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Хатлон ба хабаргузории “Азия – Плюс” гуфтаанд, ки соати 7:18 ба онҳо дар бораи сар задани сӯхтор дар боғчаи бачагонаи рақами 2 хабар расидааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор ба ҷойи ҳодиса 9 мошини оташнишонӣ сафарбар шудааст. Ба гуфти масъулин дар вақти сар задани сӯхтор ҳанӯз кӯдакон ба боғча наомада буданд ва ягон нафар зарар надидааст. Сабабҳои ин ҳодиса то кунун маълум нест.

Як масъули дигари Идораи оташнишонии вилоят гуфт, ки ошёнаи якум ва дуюми кӯдакистон оташ гирифтааст. Дар бораи хисорот ва талафоти оташсӯзӣ хабари расмӣ нашр нашудааст.
Боғчаи рақами ду дар Бохтар яке аз кӯдакистонҳои қадима дар ин шаҳр буда, дар назди Коллеҷи тиббӣ ва Идораи молияи вилоят ҷойгир аст.(Хабар такмил мешавад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД